Дар Ҷумҳурии Хакасия ба муносибати ҷашни Наврӯз маҳфили фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бо ибтикори бевоситаи муовини раиси ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии автономии Хакасияи Федератсияи Россия бо номи «Суғдиён» Мағфиратбону Насруллоева дар қисмҳои низомӣ бо афсарону хизматчиёни ҳарбие, ки бештарашонро ҳамватанони мо ташкил медиҳанд ва Донишкадаи ҳарбии Хакасия, ки дар он ҷавонони тоҷик тариқи квотаи президентӣ сарбаландона таҳсил мекунанд, барномаи калони фарҳангӣ баргузор гардид.
Ба ҳозирин гӯшаҳои бо тарзи миллии тоҷикӣ орододашудаи хонаи тоҷикона, ороиши дастурхону хӯрокҳои миллии мардуми тоҷик, расму мусаввараҳое, ки таърихи куҳани мардуми тоҷикро инъикос мекарданд, сӯзаниву чакандӯзиҳои зебои ҳунармандони тоҷик хеле писанд омаданд. Мағфиратбону Насруллоева ба ҳозирин аз осори антиқиву дастоварду пешравиҳои мардуми тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ва ободиҳои Тоҷикистони имрӯза бо сарварии Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ сухан гуфт.
Дар маҳфил ҳамчунин китобҳои классикони оламшумуламон, аз қабили Абуалӣ ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар адибони муосир ба намоиш гузошта шуда буданд.
Ба намоиши идонаву фарҳангӣ суруду рақсҳои ҷаззоби Мағфират Насруллоева, Садоқат Насруллоева, Акмал Диловаров шукӯҳи тоза бахшиданд. Ба андешаи Мағфират Насруллоева, мақсад аз баргузории ин гуна маҳфилҳои фарҳангӣ даъвати ҳамватанон ба худшиносиву ватандӯстӣ, муаррифии анъанаҳои миллӣ ва осори гаронбаҳои тоҷикон мебошад, ки он дар шинохту арҷгузории фарҳанги тоҷикон аз ҷониби дигар миллатҳо нақши муҳим дорад.
Садбарг БОҚИЕВА,
хабарнигори махсуси «Ховар» дар ФР








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






