Дастаи «Спартак»-и шаҳри Ваҳдат Ҷоми Раиси шаҳрро соҳиб шуд
 
			
					
										ВАҲДАТ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи «Андигон»-и ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат бозии финалии мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба футбол барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Ваҳдат» дар доираи тадбирҳои Соли ҷавонон ва бахшида ба 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба футбол барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Ваҳдат» дастаҳои «Чуқайша-1» ҷойи аввал, «Карим Исмоилов» ҷойи дуюм, «Чуқайша» ва «Андигон» ҷойҳои сеюмро соҳиб гаштанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини бахши ҷавонони шаҳр иттилоъ доданд.
Намояндагони Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон дипломҳою ифтихорномаҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва ба дастаи овозадори «Спартак»-и шаҳри Ваҳдат, ки дар финал ҷойи аввалро ба даст овард, Ҷоми Раиси шаҳр ва ифтихорномаҳоро тақдим намуданд.
Дар мусобиқа қариб 4 ҳазор нафар ҷавонону мухлисони футбол аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кӯчаву маҳаллаҳо иштирок намуданд.
Мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ, ташвиқу тарғиби футбол миёни аҳолӣ, муайян намудани дастаҳои мунтахаб ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ҳадафи асосии мусобиқоти мазкур ба ҳисоб мерафт.









 
						
 Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон  бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон  бунгоҳи тиббӣ бунёд кард Дар Бадахшон шумораи  марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Бадахшон шумораи  марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд Дар  Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Дар  Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд Сангвор:  ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Сангвор:  ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони  17- сола
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони  17- сола «Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси  вилояти  Хатлон  бо ҷавонон
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси  вилояти  Хатлон  бо ҷавонон Семинари омӯзишӣ   оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»
Семинари омӯзишӣ   оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд» 
									 
									 
									 
									 
									





