Даври донишкадавии олимпиадаи донишҷӯён ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон даври донишкадавии олимпиадаро дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуд. Дар ин бора аз Донишкадаи мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, олимпиада аз рӯи фанҳои иқтисодиёт, математика, технологияи иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони хориҷӣ, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ баргузор гардида, танҳо 1 нафарӣ ғолибон аз ҳар як фанни зикргардида муайян гардиданд. Ғолибони даври донишкадавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ифтихорномаҳои раёсати донишкада сарфароз гардонида шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар кафедраҳои донишкада бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ реҷаи махсуси кор бо донишҷӯёни иштирокчии олимпиада таҳия карда шуда, дар асоси он бо донишҷӯён машғулиятҳо мунтазам ба роҳ монда мешаванд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






