Деваштич: таъмини 155 нафар бо кори доимӣ тавассути ярмаркаи ҷойҳои корӣ
ДЕВАШТИЧ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар» /. Дар ноҳияи Деваштич дар соли 2016 тавассути баргузории 13 ярмаркаи ҷойҳои корӣ 155 нафар сокинон ва 10 нафар муҳоҷирони бозпасгашта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин баҳри иҷрои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ аз ҷониби Агентии шуғли аҳолии ноҳия аз шумораи умумии 1370 нафар шаҳрвандони корҷӯи муроҷиатнамуда, 643 нафар ба кори доимӣ ва 81 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуданд. Ба 195 нафар бекорони дар қайдбуда, ба миқдори 80549,39 сомонӣ кумакпулӣ ва ба 61 нафар барои фаъолияти соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 162100 сомонӣ дода шуд.
Инчунин дар ноҳия дар самти рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила ҷалби занону духтарони деҳот ба шуғли асосӣ ва таъмин бо кори доимӣ то имрӯз дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Деваштич 12 адад марказҳои таълимӣ-истеҳсолии қолинбофӣ ва 13 адад марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис дода шудаанд, ки онҳо бо 64 адад дастгоҳҳои қолинбофӣ ва атласу адрасбофӣ таъмин мебошанд.
Соли 2016 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 706 ҷойи кории нав, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ 386 ҷой, савдои хӯроки умумӣ 230 ҷой, соҳаи сохтмон 40 ҷой ва дигар соҳаҳо 50 ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.









Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






