Директори генералии «Тоҷиксуғурта»: «Агар рақобати солим бошад, корҳои фаҳмондаҳиро бештар мекунем»
ДУШАНБЕ, 06.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
«Хусусияти хоси рақобатпазир будан он аст, ки мо бояд дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро бештар ба роҳ монем. Вақте ки рақобат шиддат мегирад, агар рақобати солим бошад, мо корҳои фаҳмондадиҳиро бештар мекунем, вале агар рақобат носолим бошад, мо ҳеҷ кор карда наметавонем»,- иброз дошт Аловиддин Сатторӣ, Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта».
«Рақобати носолим ин аст, ки ҳар кас рафта, мо аз суғурта гуфта, байни шаҳрвандон таблиғот мебарад. Ҳар як нозире, ки меравад, бояд ба шаҳрвандон фаҳмонад, ки онҳо аз кадом ширкати суғурта омадаанд, зеро шаҳрвандон имрӯз фикр мекунанд, ки суғурта якто аст. Дар айни замон ба ғайр аз КВД «Тоҷиксуғурта» боз як корхонаи дигари давлатӣ ва 16 ширкати хусусии суғуртавӣ фаъолият доранд. Барои ҳамин онҳо шаҳрвандонро гумроҳ мекунанд ва мо аз суғурта гуфта, худро муаррифӣ мекунанд, вале намегӯянд, ки онҳо аз кадом ниҳоди суғуртавианд. Ин гуна рақобат рақобати носолим номида мешавад»,-изҳор намуд Аловидин Сатторӣ.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






