Ду нафар барои тасарруфи маблағ аз ҳисоби нафақаи ғайриқонунӣ дастгир шуданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва сармутахассиси Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии ноҳияи Шуғнони ВМКБ-ро барои тасарруфи маблағ аз ҳисоби нафақаи ғайриқонунӣ айбдор донистанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, Ғарибмо Абдураҳмонова аз соли 2012 то инҷониб дар вазифаи мазкур кор карда, моҳи августи соли 2013 аз муоинаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ гузашта, ба ӯ нафақаи маъюбии гурӯҳи 3-юм ба муҳлати 1 сол ба маблағи 407 сомонӣ дар як моҳ таъйин карда шуд. Баъди ба охир расидани муҳлати нафақаи маъюбиаш ӯ дигар аз муоинаи тиббӣ нагузашта, бо маслиҳати пешакӣ бо сармутахассиси Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии ноҳияи Шуғнон Саъдӣ Ақдодов ба рӯйхати нафақагирони маъюбӣ дидаю дониста, маълумоти бардурӯғ оид ба маъюбӣ дароварда, аз моҳи майи соли 2014 то моҳи июни соли 2016 ҷамъ ба маблағи 21356,20 сомонӣ нафақаи маъюбии гурӯҳи 3-юмро гирифтааст.
Нисбат ба Ғ. Абдураҳмонова ва С. Ақдодов бо моддаҳои 245, қисми 2, банди «г», ва моддаи 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан он ба суд ирсол карда шуд.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






