Раиси шаҳри Конибодом донишҷӯёнро ба омӯхтани илму дониш даъват намуд

Февраль 17, 2017 10:02

Мулоқоти Раиси шаҳри Конибодом, Ғайбулло Боҳирӣ бо донишҷӯёни шаҳри КонибодомДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ зимни мулоқот бо донишҷӯёни шаҳри Конибодом, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, изҳор дошт, ки дар Соли ҷавонон роҳбарияти шаҳри Конибодом тасмим гирифтааст дар баробари кӯшишу талошҳо дар самти муҳайё кардани шароити мусоид барои таҳсилу фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонони шаҳр, ҳамзамон ба тарбияи маънавии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Академик Акбар Турсон аз таърихи 3000-солаи шаҳри бостонии Конибодом ҳарф зада, донишҷӯёнро ба омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуд. Ҳамчунин Равшан Раҷабов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки дар Соли ҷавонон донишҷӯён бояд машъалафрӯзи ҷомеа бошанд.
Раиси шаҳри Конибодом изҳори умед намуд, ки ҷавонони ватандӯст омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо менамоянд. Онҳо дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд.

Февраль 17, 2017 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд