FAO дар Тоҷикистон намояндагиашро боз мекунад
ДУШАНБЕ, 06.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ифтитоҳ карда мешавад. Дар ин росто Парлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (Food and Agriculture Organization, FAO) оид ба таъсиси намояндагии ин ташкилотро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонд.
Изатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур дар Парлумони кишвар гуфт, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ оид ба таъсиси намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ 6 майи соли 2016 дар шаҳри Анталияи Туркия ба имзо расидааст. Таъсиси намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон ба ҳамкории дуҷониба, ҷалби сармоягузории институтҳои молиявӣ таҳким бахшида, ҷабҳаҳои фаъолият ва робита бо намояндагии марказӣ, шуъбаҳои минтақавӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ тавассути ин намояндагӣ дар ҷумҳурӣ густариш меёбанд
Дар доираи ин санад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагии FAO барои ҳамкории муфид ҷиҳати ворид шудан ба кишвар, будубоши муваққатӣ ба шахсоне, ки дафтари FAO ба Тоҷикистон даъват мекунад ва сафари онҳо ба фаъолияти FAO вобастагӣ дорад, мусоидат менамояд. Тибқи Созишнома масъулини FAO дар асоси машварат бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсон ва мақомоти таъйинкардаи Ҳукумати мамлакат фаъолият намуда, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар барои амалисозии барномаҳо зердафтарҳо таъсис медиҳанд.
FAO моҳи октябри соли 1945 дар шаҳри Квебеки Канада таъсис дода шудааст ва алҳол қароргоҳаш пойтахти Италия- шаҳри Рим аст. FAO аз соли 1996 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар ин муддат наздик ба 90 лоиҳаи сармоягузориро ба маблағи 37 миллион доллар дар бахшҳои илм, таълим, истеҳсолоти кишоварзӣ, мелиоратсияи замин ва об, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бозомӯзии мутахассисон амалӣ намудааст. Имрӯз ин ташкилот аз рӯйи 7 лоиҳа оид ба дастрасӣ ба тухмиҳои баландсифат, идоракунии обёрӣ бо назардошти хизматрасонӣ, мубориза бар зидди малах, механиконии кишоварзӣ, тақвият додани иқтидори Вазорати кишоварзӣ фаъолият мекунад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






