Форуми тиҷоратии «Тоҷикистон-Туркия»-ҷонибдори густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ ва техникии Тоҷикистону Туркия
ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 феврал дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, форум ба ифтихори барқарорсозии 25-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия роҳандозӣ шуд.
Мақсади Форуми тиҷоратӣ муҳайё сохтани заминаи мусоид барои мубодилаи таҷриба байни соҳибкорони ҳарду кишвар, беҳтар намудани ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мебошад.
Дар кори Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Тургул Туркеш, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, ҳамраиси қисмати туркии Шӯрои кории «Туркия- Тоҷикистон» Маҳмуд Эр, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкорони тоҷику турк иштирок доштанд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода зикр намуд, ки Туркия иқтидори бузурги иқтисодӣ дорад ва иқтисодиёти ин кишвар дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. «Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳандозӣ шуданд. Форуми имрӯза имконият медиҳад, ки иқтидорҳои бештари ду кишвар амалӣ гарданд. Имрӯз мушкилоти зиёд садди роҳи пешрафти давлатҳои ҷаҳон гаштааст, ки ба кишвари мо низ таъсири манфӣ мерасонанд. Ин мушкилот моро водор месозанд, ки барои ҳалли онҳо ҳамкориро боз ҳам қавитар ба роҳ монем»,-илова намуд Неъматулло Ҳикматуллозода.
Тургул Туркеш, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия иброз дошт, ки ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикистон барои Туркия хеле муҳим мебошанд. «Имрӯз мо ҳамроҳи дӯстони тоҷики худ имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳоямонро баррасӣ карда, душвориҳои мавҷударо ҳаллу фасл хоҳем кард. Мо бо хушҳолӣ ба пешравиҳои Тоҷикистон назар карда, бо изҳори қаноатмандӣ таъкид месозем, ки Тоҷикистон дар 25-соли соҳибистиқлолӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид»,-баён дошт Тургул Туркеш.
Бино ба гуфтаи Шариф Саид, Раиси Палатаи савдо ва саноат аз рӯзи ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия беш аз 60 созишнома ба имзо расидааст. Мақсади асосии ташкил намудани ин форум густариш додани ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ мебошад
Дар доираи форуми тиҷоратӣ байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия мулоқоти хоссаи доир гардид, ки дар доираи он созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.


















Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид






