Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллӣ баргузор мегардад

Февраль 16, 2017 08:48

ДУШАНБЕ, 16.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар иҷлосияи нуҳуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ баррасӣ гарданд.
Аз Маҷлиси миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар қонунҳои Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» -ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд.
Ҳамзамон дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллӣ Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди кишвар дар соли 2016 гузориш медиҳад.
Инчунин дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ номҳои баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини Тоҷикистон иваз карда мешаванд.

Февраль 16, 2017 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад