Исфара: Ҳамкории милитсия бо ҷомеа тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ду ҳуҷраи хизматӣ барои кормандони милитсия ба истифода дода шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, утоқи кории нозири минтақавии милитсия ва Маркази ҳамкории ҷомеа бо милитсия дар бинои маъмурии ҷамоат ҷойгир буда, бо тамоми шароити замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ин амалҳои созандагӣ дар доираи Стратегия ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» амалӣ карда шудаанд.
Дафтарҳои корӣ дар баробари таъмир, бо лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд. Дар маросими ифтитоҳи нуқтаҳои корӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов, раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода, намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ҳайати шахсии ШВКД-2 дар шаҳри Исфара ва сокинони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ иштирок доштанд.
«Дар заминаи устувории ҳамин алоқамандӣ ошкор ва пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ то андозае назаррас гардида, коҳиши вазъи ҷинояткорӣ натиҷаи он мебошад. Ба истифода дода шудани ҳуҷраҳои корӣ имкон медиҳад, ки ҳар шаҳрванд дар амалисозии низому тартибот ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар маҳалли зисти худ фаъолона ширкат варзад»,- иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






