ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ… (Давлаталӣ Давлатзода дар бораи мусулмонон, таърихи воқеии инкишоф ва таназзули онҳо)

Февраль 24, 2017 15:36

Давлатали ДавлатзодаДУШАНБЕ, 24.02.2017./АМИТ «Ховар»/. Ислом ба сифати як дини мубин маншаи ифтихори ҳамаи мост. Вале, мутаассифона, баҳсҳои мазҳабӣ ва фирқавию ҷараёнӣ имрӯзҳо дар дохили ин дини муқаддас парокандагӣ ва даргириҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ ёфт, ки собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми Раиси ҲХДТ, номзади илми таърих Давлаталӣ Давлатзода, ки дар замони шуравӣ дар Сурия ва Ироқ ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ фаъолият намудааст, ба тозагӣ бо номи «Мусулмонон: таърихи воқеии тараққиёт ва таназзул» китобе навишта ва омодаи чоп намудааст. Ва бо ӯ доир ба ин мавзӯъ ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Сараввал бигӯед, ки чӣ Шуморо водор кард, то ки ба ин мавзуъ рӯй биёред?

Д. Давлатзода: Бояд дафъатан бароятон гӯям, ки Ислом дини адолат аст, динест, ки ҳақиқат, озодии интихоб, баробарҳуқуқиро дар ҳар як давру замон ва дар байни ҳамаи наслҳо тарғибу талқин намудааст. Тавре медонед, ин дин 1400 сол пеш дар Ҳиҷози Арабистон ба вуҷуд омада, дар муддати кӯтоҳ дар байни мардуми мамлакатҳои гуногуни он замон паҳн гардид. Ҷаҳони ислом имрӯз аз соҳилҳои ғарбии уқёнуси Атлантика шурӯъ шуда, то Индонезияву Малайзия ва соҳилҳои шарқии Уқёнуси Ором тӯл кашидааст. Дар асрҳои миёна кишварҳои мусулмонӣ ҳам аз ҷиҳати иқтисодиёт, ҳам аз ҷиҳати илму маърифат ва ҳам аз ҷиҳати адолати иҷтимоӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон мақоми баландро соҳиб буданд.

Мутаассифона, на ҳамаи мусулмонон аз таърихи дини мубини ислом, аз таърихи воқеии инкишоф ва таназзули давлатҳои бузурги мусулмоннишин огоҳ ҳастанд. Маҳз ҳамин ноогоҳӣ имрӯз боиси сар задану доман паҳн кардани ақидаҳои ботил нисбат ба таълимоти ин дини бузург ва таърихи гузаштаи халқҳои мусулмон гардидааст. Тавре шоир гуфтааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост…

АМИТ “Ховар” : Яъне ҳадаф аз таълифи китоб ба насли имрӯза пешниҳод намудани маълумоти дуруст дар бораи арзишҳои маънавию ахлоқии ислом аст, ҳамин тавр?

Д. Давлатзода: Бале. Насли ҷавон бояд донад, ки таърихи ташаккулу инкишоф ва омилҳои ба таназзул расонидаи тамаддуни исломӣ аз чӣ иборатанд. Ин омилҳо то имрӯз дар адабиёти илмию таърихии мо то андозае норавшан мондаанд, ҳарчанд ки дар ин мавзӯъ чи дар Шарқу чи дар Ғарб китобҳои зиёде ба нашр расидаанд. Баъзе муаллифон ходисаҳои таърихиро яктарафа тасвир намудаанд, ки ин метавонад боиси таҳрифи маълумоти воқеӣ дар бораи рӯйдодҳои муҳим гардад. Дар бисёр китобҳои муаллифони Ғарб, ки аз сарчашмаҳои асл сарфи назар мекунанд, хатогиҳои дағал дида мешаванд. Масалан, дар баъзе китобҳо шарҳи бисёр ояҳои Қуръони Карим оварда шудаанд, ки аз маъхази асосӣ фарқияти калон доранд. Ин иқтибосҳо ба манбаи асл дар баъзе мавридҳо ё мутобиқат намекунанд, ва ё ба маънои дигар оварда шудаанд.

Китоби мазкур дар бораи мусулмонон, таърихи пайдоиш ва моҳияти дини мубини Ислом, рукнҳои асосии ин дини бузург, дастовардҳои мусулмонон, ҳақиқати низои байни мусулмонон ва тақсим шудани онҳо ба суннӣ ва шиъа, дар бораи он ки чӣ гуна кашфиётҳои олимони мусулмон ба дастовардҳои илмию фаннии замони муосир хизмат мекунанд, омилҳои ривоҷу равнақ ёфтани тамаддуни пешрафта дар ҷаҳони ислом, «Роҳи Абрешим»-ро ба дасти худ гирифтани тоҷирони Мовароуннаҳр, дар бораи он таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони ислом ба амал омадааст, сабабҳои ақибмонӣ дар асри ХХ, радикализми исломӣ ва тамоюлҳои асри ХХI дар ҷаҳони ислом ҳикоят мекунад. Инчунин, дар китоб дар бораи саҳми занони мусулмон дар пешрафти ҷаҳони ислом, аз ҷумла тоҷикдухтари хуросоние, ки ӯро як муҳаққиқи маъруфи амрикоӣ “пурқудраттарин зани асри XIII” номидааст, маълумот оварда шудааст.

Китоб аз 6 боб иборат буда, ҳар як боби он мавзуъҳои алоҳидаро вобаста ба таърихи ислом ва вазъияти имрӯзаи мусулмонон дар ҷаҳон фаро мегирад. Мутмаинам, ки китоби мазкур ба масоили баҳсноки ҷаҳони имрӯзи ислом заррае ҳам бошад, равшанӣ меандозад.

АМИТ “Ховар”: Дар ҷаҳони ислом зери таъсири тамоюлҳои глобализатсионӣ тағйиротҳои назарраси тараққиёти зеҳнӣ ва фарҳангӣ мушоҳида мешаванд. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Д. Давлатзода: Воқеан солҳои охир дар ҷаҳони ислом зери таъсири тамоюлҳои глобализатсионӣ тағйиротҳои назарраси тараққиёти зеҳниву фарҳангӣ ба чашм мерасанд. Бахусус, чунин тамоюлҳои тамаддунсоз дар кишварҳои мусулмонӣ ба монанди Туркия, Эрон, Малайзия, Индонезия, Лубнон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Тунис ва баъзе кишварҳои мусулмонии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мушоҳида мешаванд.

Дар даврони истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд ва корҳои зиёде барои таъмини озодиҳои динии шаҳрвандон амалӣ гардиданд. Маҳз дар ин давра бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қонунҳо ва тадбирҳои гуногун доир ба рушди иҷтимоии ҷомеа, таъмини озодиҳои васеи динию мазҳабӣ қабул шуданд, ки боиси ба маротиб баланд гардидани арзишҳои динӣ ва ахлоқӣ дар Тоҷикистон гардиданд. Арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии ин дини бузург барои тамоми мусулмонон нишондиҳандаи олии шахсияти инсон буданд ва ҳастанд.

АМИТ “Ховар”: Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мақолаи худ “Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ!..”, ки онро АМИТ “Ховар” 10 феврал интишор намуд, овардааст, ки: “Ҳодисаҳои солҳои охири манотиқи даргири ҷаҳон комилан собит намуданд, ки воқеъан ҳам имрӯз қалам ҷои шамшерро гирифтааст”. Оё дар китоби Шумо масъалаи пешгирӣ ё мубориза бо зуҳуроти номатлуби замони муосир, аз ҷумла экстремизму терроризм ба қалам омадааст?

Д. Давлатзода: Имрӯз дар ҳақиқат ҷомеаи ҷаҳониро як масъалаи бисёр муҳиме ба ташвиш овардааст, ки барои тамоми инсоният хатари ҷиддӣ дорад ва ба оромиву осоиштагӣ, пешрафту тарақкиёти ҷаҳони муосир таҳдид мекунад. Гап дар бораи зуҳуроти қувваҳои номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ – радикализм, экстремизм ва терроризм меравад. Албатта, дар китоб дар бораи муносибати мардуми мусулмон ба гурӯҳҳои ифротгаро, сабабҳои гаравидани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо, мавқеи баъзе кишварҳои ҷаҳон нисбат ба ин масъала сухан гуфта шудааст. Чи бояд кард? Чи гуна мардуми мусулмон метавонад аз он гирдоби ақибмондагиву карахтӣ барояд? Чи тавр кишварҳои мусулмонӣ ба қатори кишварҳои пешрафта дохил шуда, он шӯҳрату қудрати пешинаи худро боз соҳиб шаванд? Дар атрофи ин ва дигар масъалаҳо низ мо фикрҳои худро дар китоб баён намудаем.

АМИТ “Ховар”: Қабл аз мусоҳиба маълумоте пайдо кардем, ки дар солҳои аввали фаъолияти илмиатон Академик Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон ба Шумо роҳ нишон дода, ҳатто ҳаққӣ устоди низ доштаанд. Ин то чӣ андоза ҳақиқат дорад?

Д. Давлатзода: Бале. Дар он давра ман дар кишварҳои араб фаъолияти корӣ доштам. Баъди ба Ватан баргаштан, дар Институти таърихи Академияи Илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекардам. Пас аз муддате бо кӯмаку дастгирии бевоситаи устод Ғафуров ба Институти шарқшиносии Москва роҳхат гирифтам. Он солҳо барои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ миқдори муайяни ҷойҳо, ё ба таври дигар, квота барои аспирантҳо ҷудо карда мешуд. Бо супориши устод барои Тоҷикистон як ҷои иловагӣ ҷудо карданд. Дар яке аз суҳбатҳои худ устод маро маслиҳат доданд, ки ба омӯзиши таърихи қадими халқи худ машғул шавам. Албатта, он вақт ман ҷавон будам ва моҳияти ин гуфтаҳои устодро дуруст дарк накарда будам. Хушҳол аз онам, ки акнун ин супориши устодро иҷро намудам.

АМИТ “Ховар”: Ташаккур ба Шумо барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво ва самимӣ!

                                                                          Акрамхоҷа АКБАРЗОДА,
АМИТ “Ховар”

 

Маълумоти АМИТ «Ховар»:

Давлатзода Давлаталӣ Раҷабалӣ 2 феврали соли 1947 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст.

Соли 1970 шуъбаи арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ), соли 1980 аспирантураи  Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС дар шаҳри Москва хатм намудааст.

Солҳои 1981-1989 дар вазифаҳои гуногун дар КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1992 аввал ба сифати мушовир ва баъдан дар вазифаи мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Се навбат вакили парлумони Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Солҳои 2002-2009 муовини аввали Раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон буд.

Давлатзода Д.Р. солҳои 1968-1970 дар Сурия ва солҳои 1971-1973 дар Ироқ ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ фаъолият ва дар амалиётҳои низомӣ дар ин ду кишвар ширкат намудааст.

Номзади илмҳои таърих ва коршинос оид ба таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошад.

 

Февраль 24, 2017 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд