«Истиқлол» дар бозии санҷишӣ КМВА «Помир»-ро дубора мағлуб кард
ДУШАНБЕ, 13.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон -«Истиқлол»-и Душанбе дирӯз дар бозии санҷишии навбатӣ КМВА «Помир»-ро дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бо натиҷаи 4:0 мағлуб кард. Ин аввлин бозии таҷрибавии истиқлолиҳо баъди бозгашт аз Туркия мебошад.
Чемпионҳо марҳалаи чоруми омодагиро ба мавсими нав дар шаҳри Душанбе мегузаронанд. Дар бозии санҷишӣ бо КМВА «Помир» Соҳиб Саванқулов (дақиқаи 2), Фатҳулло Фатҳуллоев (29), Дмитрий Барков(40) ва Дилшод Восиев (84) муаллифи голҳо шуданд.
Нуриддин Давронов баъди баргашт аз КФ «Дунав»-и Булғория дар бозӣ иштирок кард.
Ёдрас мешавем, ки «Истиқлол» ва КМВА «Помир» бозии аввали санҷишии худро дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол баъди соли нав- 10 январ бо ҳам гузаронида буданд ва бозӣ бо ғалабаи чемпионҳо бо ҳисоби 4:1 анҷом ёфт.
Дастаҳо дар вохӯрии санҷишӣ бо чунин ҳайат ба майдон омаданд:
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич (Қурбон Бобоев, 37, Рустам Ятимов, 60), Артем Барановский, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 55), Соҳиб Саванқулов (Алберт Кулиев, 55), Амирбек Ҷурабоев (Фаридун Шарифов, 46), Нуриддин Давронов (Эҳсони Панҷшанбе, 42), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 55), Ҷаҳонгир Алиев, Ҷаҳонгир Эргашев (Дилшод Восиев, 55), Дмитрий Барков.
КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Зоир Ҷӯрабоев, Идибек Ҳабибуллоев, Комрони Мирзохон, Фурӯғ Қодиров, Маҳмадалӣ Содиқов (Рустам Толибов, 65), Сайёди Ковусшо (Ҷамшед Муродов, 35, Ҷони Карапетян, 81), Фирдавс Чақалов, Эрдел Баяр (Алишери Ҳотам, 54), Комрони Мирзонаҷот (Майсом Ҷалол, 81), Муҳсин Парпиев (Шамсиддин Қосимов, 74).
Муаллифи голҳо: Соҳиб Саванқулов (2), Фатҳулло Фатҳуллоев (29), Дмитрий Барков(40) , Дилшод Восиев (84)
Огоҳӣ гирифтанд: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Рустам Толибов (КМВА «Помир»).
Довари майдон: Сайёд Зайниддинов (Душанбе).








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






