«Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ба бозиҳои нимфиналӣ баромаданд
ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баъди анҷоми даври дуюми гурӯҳи «Б» пеш аз муҳлат ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт «Истиқлол» бар дастаи «Ашт» бо натиҷаи осмонии 14:1 ва «Регар-ТадАЗ» бар «Ҳулбук» бо ҳисоби 5:0 зафар ёфтанд.
Муҳофизатгарони «Ашт» дар ин бозӣ пеши роҳи Дилшод Восиевро гирифта натавонистанд ва ӯ бо шаш голи задааш гекса-трик кард. Ҷаҳонгир Эргашев бо се голаш хет-трик намуд ва Ромиш Ҷалилов бо Дмитрий Баркови рус ба дарвозаи ҳариф 2 голӣ заданд.
«Регар- ТадАз» ҳам дар бозӣ бо намояндаи Лигаи якум -«Ҳулбук» душвориеро ҳис накард. Голҳоро аз ин даста Евгений Хотимский, Давронҷон Тӯхтасунов, Азиз Мансуров, Ҳикматулло Расулов ва Шерзод Муҳаммадиев ба нишон расониданд.
Новобаста ба бозии охирини гурӯҳ, ки 18 феврал бо ширкати «Истиқлол»- «Регар-ТадАз» ва «Ашт» — «Ҳулбук» доир мегардад, тақдири роҳхат ба бозиҳои нимниҳоӣ ҳал гардид.
Имрӯз дар вохӯрии охирини гурӯҳи «А» дастаҳои «Равшан» бо «Хуҷанд» (12:30) ва «Ҳосилот» бо «Кӯктош» (15:00) барои ду роҳхат вориди майдон мешаванд. Дар сурати мусовӣ бозидани дастаҳои «Ҳосилот» ва «Кӯктош» иштирокчии бозиҳои Ҷоми КФО аз идома додани мусобиқа дар канор хоҳад монд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






