«Кадбону» ҷавондухтаронро дар рӯҳияи расму оинҳои миллӣ тарбия менамояд
ДУШАНБЕ, 28.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон, Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Деваштич маҳфили «Кадбону» доир гардид.
Тавре ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд, дар маҳфил духтарону бонувони ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан, Муҷун, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Росровут, Далёни Боло ва Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ иштирок карданд.
Манбаъ ҳадафи баргузории маҳфилро дар рӯҳияи расму оинҳои миллӣ тарбия намудани ҷавондухтарон, рафтору гуфтор ва одобу услуби оиладорӣ, эҳё ва намоиши ҳунару анъанаҳои миллӣ, бедор кардани завқи пухтупази таомҳои миллӣ, омодагии духтарон ба зиндагии мустақилона, ҳунармандӣ, зебоипарастӣ ва тарбияи хуби фарзандон арзёбӣ намуд.
Гулдухтарону бонувон дастранҷи худ, аз ҷумла, таомҳои миллӣ, хӯришҳо ва либоси миллии омодакардаашонро ба маъраз гузоштанд. Муовини раиси ноҳия Рафоат Каримова ба бонувону духтарон «Сипоснома»-и раиси ноҳияро супорида, иброз намуд, ки бонувону духтарон тарбиятгари насли оянда буда, баҳри посдории фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ саҳми арзанда доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






