Китоби «Чӣ? Кай? Дар куҷо?» барои кӯдакону наврасон аз чоп баромад

Февраль 17, 2017 16:36

ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Чӣ? Кай? Дар куҷо?» аз тарафи муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, китоби мазкур доир ба олами аҷоиби илм, дунёи кашфиёти бузурги тафаккури инсонӣ ва ҷаҳони рангини набототу ҳайвонот маълумот дода, хонанда аз ҳар боби ин донишнома ба суолҳои бешумори худ, ба мисли чаро рӯз ба шаб табдил меёбад ва ситораҳо медурахшанд?, чаро борону барф ҳар ду аз осмон меборанд, вале яке моеъ асту дигаре не!, замини мо чӣ сохт ва дигар сайёраҳо чӣ сохт доранд, таркиби моҳтоб ва дигар сайёраҳо чӣ гунаанд? метавонад ҷавоб ёбад.

Китоби «Чӣ? Кай? Дар куҷо?» аз даҳ боб иборат буда, ҳар як бобро метавон оинаи як давраи дигаргунии рӯзгори инсоният ва коинот ҳисоб кард. Ҳамчунин китоби мазкур барои инкишоф ёфтани истеъдод ва мукаммал намудани ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон мусоидат мекунад.

Февраль 17, 2017 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид