Китоби «Роҳи субот» муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ китоби «Роҳи субот», ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ба табъ расидааст, муаррифӣ гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, китоби мазкур аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз соли 1998 то имрӯз нақл мекунад ва он бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 5 январи соли равон оғоз мешавад.
Дар китоби «Роҳи субот» андешаҳои аввалин раисону аъзо, рӯйхати нахустин ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷой дода шуда, роҳи тайкардаи кумитаи иҷроия тӯли ин муддат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






