Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мошинро бо мусофиронаш аз муҳосираи барф бароварданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як мошинро бо мусофиронаш аз муҳосираи барф бароварданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар натиҷаи яхбандӣ ва ҷамъшавии ғарами барф 14 феврал соати 22:30 дар километри 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мошини тамғаи «Опел-Зефира» бо ронанда ва 4 мусофир, ки дар байни онҳо як зан бо кӯдаки хурдсол буд, ба ғарами барф гирифтор гашт. Мошин ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекард. Сарфи назар аз огоҳии Кумита оид ба хавфи пайдоиши яхбандӣ,ҷамъшавии ғарами барфҳо, инчунин лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ, чархҳои мошин ба зимистона иваз нашуда, нақлиёт бо завлонаи бехатарӣ муҷаҳҳаз нагардида буд.
Барои кумак ба зарардидагон наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд, ки бо саъю кӯшишҳои онҳо нақлиёт аз ғарами барф бароварда шуда, он ҳаракати худро ба самти Хуҷанд идома дод.
Дар робита ба баландшавии ҳарорати ҳаво дар рўзҳои охир ва боришот дар минтақаҳои кўҳӣ якбора зиёд шудани хавфи лағзиши тармаи тар дар назар аст. Бояд зикр кард, ки фишори тармаи тар дар 1 метри мураббаъ 50 тоннаро ташкил медиҳад.
Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш менамояд, ки ба қадри имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои тармафароӣ худдорӣ намоянд.
Ронандагонро ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ё дар маҳалҳои хавфи лағзиши тармафароӣ зарур аст, ки ба таври қатъӣ риояи қоидаҳои роҳро дар назар дошта, мошини худро пеш аз сафар намудан бо воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз намоянд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






