КВД «Тоҷиксуғурта» зиёда аз 300 муроҷиати хаттии шаҳрвандонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 07.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 ба дастгоҳи марказии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» 300 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид шуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби роҳбарияти корхона ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар ин бора Аловиддин Сатторӣ, директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда иброз дошт, ки муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар масъалаҳои пардохти тавозуни зарари ба саломатӣ ва ё ба молу амволашон аз ҳодисаҳои суғуртавӣ расидаро дар бар гирифта, онҳо сари вақт ҳалли худро ёфтанд.
«Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» вазифаҳоро барои соли 2017 муайян намуда, воридшавии ҳаққи суғуртавиро ба маблағи 68 миллиону 100 ҳазор сомонӣ муайян намудааст, ки нисбат ба нақшаи соли 2016, 7 миллион сомонӣ ё 11% зиёдтар мебошад. Аз ин миқдор шакли ҳатмии суғурта 50 миллион сомонӣ ва шакли ихтиёрии суғурта 18 миллиону 100 ҳазор сомонӣ мебошад»,-гуфт Аловиддин Сатторӣ.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






