М. Хидирзода: «Асарҳои рассомон ба тарбияи ҷомеа мусоидат мекунанд»

Февраль 6, 2017 14:58

ҚӮРҒОНТЕППА, 06.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоятии Хатлон ба номи «Авасто» дар шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши амали рассомони Хатлонзамин баргузор гардид. Дар намоиш муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода иброз дошт, ки беҳтарин асарҳои рассомон ба намоиш гузошта шуда, мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегиранд.
«Баргузории чунин намоишҳо бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки санъати тасвирӣ ҳамқадами ҷомеа буда, асарҳои пешниҳоднамудаи рассомон маънои васеъ доранд. Ин асарҳо ба тарғиби зебоӣ ва тарбияи ҷомеа мусоидат мекунанд»,-иброз дошт Махфират Хидирзода.
Тавре аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар толор 40 асари рассомони касбӣ ва 37 асари рассомони чавон ба намоиш гузошта шуданд. Намоиши асарҳои рассомон чанд рӯзи дигар идома меёбад.

Февраль 6, 2017 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад