Маҳфили «Зебоӣ ва зебоипарастӣ» дар ноҳияи Мастчоҳ

Февраль 18, 2017 09:56

ХУҶАНД, 18.02.2017. /АМИТ «Ховар»/.  «Зебоӣ ва зебоипарастӣ»- таҳти ин унвон дар мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Мастчоҳ маҳфили фарҳангӣ доир гашт. Дар он аз ҷониби китобдорони китобхонаи мактаб китобу маҷаллаҳо дар мавзӯи «Занони Тоҷикистон», «Фирӯза», «Бонувони Тоҷикистон» ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи хонандагон шеъру таронаҳо, саҳначаҳо, намоиши либосҳои миллӣ, омода намудани хӯриш ва рақсҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, маҳфил бо ибтикори бахши кор бо занон ва оила, кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардид.

Намояндагони мақомоти маҳаллӣ, роҳбарият ва омӯзгорони мактаб оид ба мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа ибрози ақида намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки зебоӣ ба чашми мо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад. Мо бояд на танҳо зебоӣ офарем, балки онро ҳифз кунем. Ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози ин миллату ин давлат бояд нисбат ба табиат ва зебоиҳои нотакрори он бепарво набуда, барои нигоҳдошти он ғамхорӣ намоянд.

 

Февраль 18, 2017 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад