Мақола дар «Ал-Аҳром» дар бораи Тоҷикистон

Февраль 9, 2017 10:20

ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Калонтарин рӯзномаи мисрӣ «Ал-Аҳром» дар шумораи навбатии худ аз 3 феврали 2017 дар бахши «Мерос ва тамаддун»  мақолаеро зери унвони «Васфи Миср ба тоҷикӣ» (وصف مصر ب»الطاجيكي) чоп кардааст. Муаллифи мақола доктор Ҳола Аҳмад Закӣ буда, он бозгӯи муҳтавои симпозиуме мебошад, ки дар мавзӯи «Тоҷикистон дар ойинаи таърих ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Миср» дар Маркази пажӯҳишҳои сиёсӣ ва расонаии  «ал-Ҳивор» дар Қоҳира 16 январи 2017 баргузор гардида, дар он донишмандон, пажӯҳишгарон, фарҳангиён ва рӯзноманигорони мисрӣ иштирок карданд. Дар зер тарҷумаи он мақола омадааст.

Рӯзномаи «ал-Аҳром», 3 феврали 2017. Мерос ва тамаддун.

Васфи Миср ба тоҷикӣ

доктор Ҳола Аҳмад Закӣ

Носири Хусрав шоир, файласуф ва ҷаҳонгарди номдорест, ки гӯшаву канорҳои Қоҳираи зеборо гаштааст ва аз дарвозаҳои машҳуди он даромадааст. Ӯ мафтуни он шаҳр шуд, ба он ошиқ гардид ва дар ситоиши Мисри Маҳруса китобе навишт. Ин ҳадисест, ки онро ҳар касе, ки дар бораи ин ҷаҳонгард хондааст, медонад. Ӯ нигорандаи ёддоштҳову мулоҳизаҳоест, ки дар китоби ӯ «Сафарнома» гирд оварда шудаанд ва он китобро олими шодравон доктор  Яҳё ал-Хашшоб дар соли 1945 ба арабӣ тарҷума карда буд. Он чизе ки навиштаҳои Носири Хусравро ҷолиб менамояд, сабаб дорад. Бино ба ривояти  бостоншинос доктор Муҳаммад Мустафо Наҷиб, сабаби зиндагии ӯ дар Қоҳира пеш аз омадани сахтии мустансирӣ буд, ки сарзамини Мисрро ба муддати чанд сол ташнаи оби Нил кард. Номгузории он қаҳтӣ ба Мустансири фотимӣ, ки ҳокими вақт буд, нисбат дорад.

Аз ин рӯ, Носири Хусрав ба ғайр аз масҷидҳо, бозорҳо, қасрҳо ва хонаҳои зебои беназири Қоҳира чизи дигареро надид. Ӯ васфи ҳунари кӯзагарӣ мекунад, ки ба дараҷаи баланди пешрафту густариш расида буд. Ӯ инчунин васфи бозаргонони Маҳрусаро мекунад, ки дар он замон зарфҳову фаровардаҳои сафолӣ мефурӯхтанд. Васфи Азҳари Шариф мекунад, ки бино ба гуфтаи доктор Муҷоҳид ал-Ҷундӣ, муаррихи Азҳар, он замон беш аз нуҳ ҳазор донишҷӯ дошт. Ҷуз танин садое дигар шунида намешуд ва мардум бо оби найшакар ташнагиро мешикастанд. Ҳадиси худро бо гуфтаҳои бостоншинос д-р Закӣ Ҳасан ба поён мебарад, дар бораи он ки дар Миср ва Қоҳира сарвати бисёр ва амволи зиёд ҳаст, ки агар хоҳӣ васфи он намоӣ, касе дар кишвари Аҷам ба он бовар нахоҳад кард.

Кушоиши мисрӣ

Ин поёни қисса нест, балки онро беҳтарин кушоиш ба гуфтори муфассале медонам, ки дар Маркази пажӯҳишҳои сиёсӣ ва расонаии «ал-Ҳивор» дар мавзӯи  «Тоҷикистон дар ойинаи таърих» доир шуд. Аз «Мусофирон аз Шарқ» оғоз кардем ва он гуфторест дар бораи ҳамроҳони мо дар ҳунару навиштаҳо ва ҳамсояҳои Мисри Маҳруса, ки ҳоло бо бозгашти Музеи исломии Қоҳира ба ҳаёт таҷдид ёфт.

Таърихи дарозест ва бино бар ин, ҷаҳонгард Носири Хусрав, ки Мисрро дар ниҳояти оромӣ ва шукуфоӣ дида, онро шаҳре камназир номид, чунон ки Хусрав Нозирӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо худ соҳиби қисса нест. Пеш аз ӯ Аҳмад ибни Касири Фарғонӣ  аз ҳамон Мовароуннаҳр ба Миср сафар кард. Ӯ олиме буд барҷаста дар фалаку аҳкоми нуҷум ва ҳандаса. Ба Миср омад, то бунёди Нилсанҷро дар ҷазираи Равза дар Фустот пайгирӣ кунад. Ин донишманд ва он ҷаҳонгард аз кишвари Мовароуннаҳр — Фарорӯд ё сарзамини аслии тоҷикон, ки саҳми фаровон дар нумӯи тамаддуни исломӣ доранд, омадаанд. Аз байни онҳо олимон, муфассирон ва мутакаллимоне, чун Форобӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Бухорӣ ва дигарон бархостаанд.

Ин кишварест, ки Худованд ба он неъмати кӯҳҳои баланд, ки 93 дарсади масоҳати кишварро ташкил медиҳанд ва неъмати обҳои фаровон, аз ҷумла рӯдҳои Сиру Омӯро ато намудааст. Тақрибан 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Миёна дар он кишвар ташаккул меёбад.

Мутолиаи осор

Макола дар ал-Ахром дар бораи ТочикистонДоктор Носир ас-Сайид Ҳаҷҷӣ, декани факултаи забонҳои Донишгоҳи Суҳоҷ таъкид мекунад, ки таърихи бунёди шаҳрҳо дар кишвари Мовароуннаҳр, ки куҳантарини онҳо шаҳри Саразм аст, ба чаҳор ҳазор соли пеш аз ислом бармегардад. Ин кишваре буд, ки ба сабаби ҷойгоҳи вежаи худ дар Осиёи Миёна барои истилогарон ҷозиб буд. Яке аз он истилогарон Искандари Мақдунӣ буд, ки шаҳри Искандарияи Ақсоро бунёд намуд ва осори он шаҳр дар дохили дижи куҳани шаҳри Хуҷанд ҳанӯз боқист. Ислом ба он кишвар пас аз набарди Наҳованд, ки фатҳулфутуҳ номида шуда буд, даромад ва ба фазли волиёни Хуросон густариш ёфт. Он кишварҳо ба монанди Миср хусусан дар замоне, ки бар Хуросону Мовароуннаҳр хонадоне аз нажоди ашрофзодаи араб — Тоҳириён беш аз ним қарн ҳоким буданд, истиқлол ёфтанд. Кишвар дар аҳди Абдуллоҳ ибни Тоҳир ба сабаби эҳтимоми ӯ ба кишоварзӣ дар замоне, ки низоъ байни аҳолӣ барои оби обёрӣ амри маъмулӣ буд, шоҳиди шукуфоӣ шуд. Бино бар ин, ӯ доноёни Хуросонро даъват кард ва бар онҳо фармуд, ки бо иштироки доноёни Ироқ қонунҳое таҳия  кунанд, ки истеъмоли обро танзим намоянд,  ба монанди «Китоб-ул-қано»-и роҳнамо барои ҳалли масъалаҳои обёрӣ.

Пас аз инқизои давлати Тоҳирӣ Саффориён омаданд ва Аҳмад ибни Халаф машҳуртарин фармонравои онҳо буд. Ӯ шахсе буд, ки дар атрофи  худ олимон, адибон ва файласуфон, аз қабили файласуф ва олим Абу Сулаймон Муҳаммад ал-Мантиқӣ ва Бадеуззамон Ҳамадониро гирди ҳам овард. Валекин коре, ки номи ӯро ҷовидон намуд, ҳамоно ҷалби гурӯҳе аз олимон барои навиштани тафсири Қуръон буд, ки ба 100 муҷаллад расида буд. Аммо ба сабаби истилои муғул,он асари гаронбаҳо нобуд гардид. Бо вуҷуди ин, роҳи илму адаб идома ёфт. Сомониён бо адаби арабӣ ва форсӣ рӯи саҳна омада, дар замони онҳо олимон ва шоирони дигар, ба мисли Ибни Сино, Форобӣ, Берунӣ, Хоразмӣ ва шоири бузург Фирдавсӣ қомат афрохтанд.

Аввали саҳифа

Таърих инчунин истилои Русияи қайсарӣ бар ин сарзамин дар охири қарни XIX ва таъсиси Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистони Шӯравии Сотсиалистӣ дар соли 1924 ва як сол пас эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чопи нахустин рӯзномаи он  «Овози тоҷик»-ро ёд дорад. Доктор Рифъат Ҳусайн, устоди Донишгоҳи канали Суэз мегӯяд, ки Тоҷикистонро намешавад аз кишварҳои дигари Осиёи Миёна — Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҷудо баррасӣ кард.

Тоҷикистон зодгоҳи тамаддунҳои зиёди ҷаҳони бостонӣ буд ва диёнатҳои бисёреро медонист. Кишвари тоҷиконро сарзамини тоҷ меноманд, тоҷе, ки шоҳони сомонӣ ба сар мегузоштанд. Пажӯҳишгар Аҳмад Таробик, мудири бахши пажӯҳишҳои осиёии Маркази «ал-Ҳивор»  меафзояд, ки ҳадафи ҳар амали фарҳангӣ равшанӣ андохтан ба паҳлӯҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад ва ҳар амали фарҳангӣ бояд самар дошта бошад. Бино бар ин умедворем, ки Роҳи абрешим ба раванди пайванди ду кишвар, мубодилаи соҳибкорон ва сармоягузорон, таъкиди нақши Азҳари Шариф бо васатияту эътидоли он ва ҳамкории фарҳангиву ҳунарӣ байни ду кишвар судманд хоҳад буд, ба вижа он, ки мувофиқатномаи ҳамкорӣ ҳанӯз амалӣ нашудааст. Генерал Одил Мустафо, узви Шӯрои дабирони Маркази «ал-Ҳивор» бар он аст, ки мо тамоми унсурҳои зарурии муваффақият барои таҳкими муносибатҳои Мисру Тоҷикистонро дорем. Расонаҳоро лозим аст, ки ба ин раванд мусоидат кунанд. Пурсишҳое ҳастанд дар бораи набудани ҳамкорӣ байни ду кишвар пас аз соли 2009. Бояд муносибатҳои сиёсиву фарҳангӣ баробар бо муносибатҳои иқтисодӣ пеш раванд.

Доктор Муҳаммад ал-Вакил, мутахассиси забони арабӣ дар Қазоқистон бар он аст, ки дар ҳолати мавҷуда мисриён муқассиранд, фарҳангу илм беҳтарин фиристода мебошанд. Савол ин ҷост, ки куҷост вазорати хориҷаи Миср?

Доктор Мусъад Увайс, узви Шӯрои дабирони муассисаи «ал-Ҳивор» дар бораи зарурати гуфтугӯ бо ҷомиа ва тамос байни ҷавонони тоҷику мисрӣ сухан ронда, аз Шӯрои олии фарҳангӣ дархост намуд, ки чунин симпозиумҳоро ба шакли даврӣ баргузор кунад ва гуфтугӯи илмӣ ва фарҳангиро ба дур аз дидорҳои рутинӣ ва ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои ду кишварро фаъол намояд. Доктор Муҷоҳид ал-Ҷундӣ, муаррихи Азҳари Шариф муътақид аст, ки будани 700 нафар донишҷӯ адади кам аст ва агар мо дар Тоҷикистон сафорат медоштем, дар Миср бештар донишҷӯ медоштем ва Азҳари Шариф неруи нарм дар олами исломӣ аст. Ба ёд овард, ки Форобӣ дар мусиқӣ олим буд ва дар ҷаласае оҳанге бинавохт ва мардум ба ханда омад, сипас оҳанге дигар бинавохт ва мардум ба гиря омад ва дар интиҳо оҳанге бинавохт, ки мардумро хоб бурд, дар ин лаҳза онҳоро тарк карду хориҷ шуд. Муборак писари аллома Насруллоҳ Мубашшири Тарозӣ дар бораи падараш, ки яке аз пешоҳангони фарҳанги тоҷикӣ буд, сухан гуфт. Ӯ ишора намуд, ки дар китобхонаи марказӣ дастнависҳои шоири тоҷик Камоли Хуҷандиро пайдо кард. Д-р Аҳмад Тоҳир, мудири Маркази «ал-Ҳивор» аз кам будани маълумоти мо дар бораи Осиёи Миёна, бар рағми аҳамияти он минтақа изҳори назар кард. Бояд нақшаи роҳ таҳия гардад ва тасаввур дорам, ки масири якум фарҳангиву иқтисодӣ бояд бошад ва мо бартариҳои нисбӣ дар пайванди ду кишвар дорем. Инчунин будани хатти парвози мустақим барои сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва то ҳадде расидан ба ҳамгироии иқтисодӣ лозим аст.

Аммо таълим нуқтаи пайванд байни халқҳост ва нақши сафарҳои мутақобили донишҷӯён ва марказҳои пажӯҳишӣ дар ин самт муҳим аст. Дар масири сиёсӣ бояд боздидҳои мутақобил дар сатҳи масъулон ва вазирон бошад. Масири амниятӣ ҳам бояд бошад, зеро эҳтимоми муштарак ба масъалаи терроризм вуҷуд дорад. Нақши равшангарии фарҳангӣ барои бархӯрд бо ин падидаи нигаронкунанда муҳим ҳаст.

Нигоҳи умедбахш ба пайванди тамаддунӣ

Хусрав Нозирӣ, Сафири Тоҷикистон дар Миср бар он аст, ки тамаддун танҳо маънои мутолиаи таърихи гузаштаро надорад. Иқтисоду тараққиёт низ сухани худро доранд. Нигоҳи умедбахш барои пайванди фарҳангӣ байни кишварҳои мо пас аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2007 ба вуҷуд омад. Ӯ касест, ки ба фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд медиҳад ва барои хонандагон китоби муҳимеро, ки «Тоҷикон дар оинаи таърих»  ном дорад, пешкаш кард. Он китоб рушди тамаддуни халқро аз тариқи мутолиаи огоҳонаи меросу таърих пайгирӣ менамояд. Муҳаққиқ Аҳмад Таробик ба он ишора кард, ки мо дар бораи кишваре сухан меронем, ки бо Миср робитаҳои таърихӣ дорад. Миср аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро дар соли 1991 эътироф намуд ва дар ҷараёни сафари Президенти Тоҷикистон Кумитаи ҳамкории дуҷониба таъсис ёфт, ки иҷлосияи якуми он дарДушанбе баргузор шуд. Тоҷикистон бо кишоварзии худ шуҳрат дорад. Дар он ҷо пахтаи мисрӣ кошта мешавад, зеро тухми он пахтаро аз Миср дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дарёфт карда буданд. Лекин онҳо ҳунар ва услуби пахтакориро такмил доданд. 700 нафар донишҷӯи тоҷик дар Миср таҳсил мекунанд. Набудани парвозҳои мустақим ва набудани сафорати Миср дар Тоҷикистон аз монеаҳои густариши бештари ҳамкорӣ ба шумор мераванд. Тоҷикон раводиди мисриро аз сафорати Миср дар Москва мегиранд.

 

Тарҷумаи Хусрав НОЗИРӢ

Февраль 9, 2017 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид