«Модарон ба аёдати фарзандони сарбозашон мераванд»-силсилавохӯриҳо ба муносибати рӯзи Артиши миллӣ
ДУШАНБЕ, 18.02.2017. /«АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба 24-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мо, модарон ба айёдати фарзандон-сарбозон меравем» дар қисмҳои низомии шаҳру ноҳияҳо силсилавохӯриҳо доир мекунад.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар қисми низомии №13483-и ноҳияи Восеъ, дар комендатураи дидбонгоҳи №4-и ноҳияи Фархор ва дар қисми низомии №2133 (0307)- ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти модарону фаъолзанон бо фарзандони сарбозашон доир гашта истодааст. Ин иқдом то рӯзи ҷашн идома меёбад.
Инчунин ба ин муносибат дар қисми ҳарбии 16772-и шаҳри Ваҳдат аз ҷониби бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуъбаҳои фарҳанг, тандурустӣ ва Раёсати маорифи шаҳр ҷамъомади муштараки фарҳангӣ гузаронида шуд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






