Муфаттиши Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара бо ҷурми коррупсия дастгир карда шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Корманди ШВКД дар шаҳри Исфара барои даст задан ба ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардид.
Тавре сомонаи расмии ин ниҳод хабар медиҳад, Мустафо Додохонов аз 18 октябри соли 2007 то инҷониб дар вазифаи муфаттиши шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара кор карда, барои татбиқ намудани санади авф нисбат ба шаҳрванд Р. Маматқулова, ки нисбат ба ў дар истеҳсолоташ маводи санҷишӣ қарор дошт, ба сифати пора маблағи 1500 доллари ИМА талаб намуда, бо миёнаравии адвокати Коллегияи адвокатҳои «Суғд» К. Исроилов аз охирин маблағи 1300 доллари ИМА-ро гирифт.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ, номбурда ҳангоми аз миёнарав гирифтани пора ба маблағи 1300 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба муфаттиши шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара М. Додохонов бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба адвокати Коллегияи адвокатҳои «Суғд» К. Исроилов бо моддаи 36 қисми 5 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ, парвандаи ҷиноятии мазкур барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва фиристодан ба суд ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шуд.








Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад






