Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Муҳаммад ибни Муборак Алхулайфӣ
ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Муҳаммад ибни Муборак Алхулайфӣ мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон ба дурнамои муносибатҳои худ бо Давлати Қатар дар ҳамаи сатҳу зинаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари нек дошта, ҳамкории судманди байнипарламентиро василаи муассири таҳкими равобити дуҷониба ва таъмини манфиатҳои муштарак дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ меҳисобад.
Барои фаъол гардонидани кори Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Қатар ҳавасмандӣ зоҳир гардид ва таъкид шуд, ки бо ин васила парламентҳо метавонанд дар беҳтар намудани сатҳи муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо нақши муассиру самарабахш гузоранд.
Дар мулоқот муколамаи сиёсии мунтазами Тоҷикистону Қатар дар сатҳи олӣ заминагузори рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои неку манфиатбори ду давлат арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба муҳимияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар таъмини амнияту суботи кишварҳои минтақа ва мубориза бар зидди хатару чолишҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Изҳори бовар карда шуд, ки парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи амалии санадҳои дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар имзошуда саҳми фаъол гузошта, ба татбиқи манфиатбори дурнамо ва нақшаҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба ноил мегарданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






