Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Созмони сармоягузории Давлати Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибн Сауд Оли Сонӣ

Февраль 5, 2017 15:59

ДУШАНБЕ, 05.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Давҳа дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Созмони сармоягузории Давлати Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибн Сауд Оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили марбут ба иштироки доираи иқтисодию сармоягузории Давлати Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги дорои аҳамияти миллию минтақавии Тоҷикистон ва дурнамою нақшаҳои ҳамкориҳои фаъолтари Тоҷикистону Созмони сармоягузории Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳусни эътимоду боварии комил омили муҳими ба роҳ монадани ҳамкориҳои дуҷониба маънидод гардид ва таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди ҷалби сармояи ин созмон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги энергетикӣ, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ мебошад.

Барои беҳтару хубтар гардидани ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ҳамчун қадами нахуст таъсиси Фони рушди Қатар оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, Ширкати консталтингӣ ва Бонки сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон амали муҳим арзёбӣ шуд.

Ҳарду ҷониб ҳамчунин доир ба масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Созмони сармоягузории Давлати Қатар ва махсусан дар соҳаҳои афзалиятноки гидроэнергетикӣ, нақлиётӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

31907978033_de32c16945_z31907976783_8dc3e3cbff_z

Февраль 5, 2017 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид