Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ ва инчунин таҳти роҳбарии онҳо машваратҳои дуҷонибаи ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд.
Дар ҷараёни мулоқоти вазирон ва музокироти ҳайатҳо масоили марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд. Дар партави дастурҳои роҳбарони олии ду кишвар ва тавофуқҳое, ки дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, бар зарурати роҳандозии иқдомҳои муштарак ва тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо ҷиҳати густариши беш аз пеши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, коммуникатсия, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва соҳаҳои дигар таъкид гардид.
Бо ишора ба аҳамияти ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон, татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва барномаҳои иқтисодию энергетикии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ зарур шуморида шуд.
Дар ин росто ҳамчунин нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масоили иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон муҳим арзёбӣ шуд.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории ноҳияҳо ва вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва Афғонистон омили муҳими тақвияти равобити гуногунҷанба ва мутақобилан судманди ду кишвар мебошад.
Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амнияти минтақа ва ҷаҳон тасдиқ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти нақши неруҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар самти мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию ифротгаро муҳим арзёбӣ менамояд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчубаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар анҷоми мулоқоти вазирон ва музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Афғонистон нишасти хабарӣ бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ доир гардид.
Зимни нишасти хабарӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов натиҷаҳои мулоқоту музокиротро баланд арзёбӣ намуда, раванди тақвият бахшидани густариши муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро муҳим шуморид.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҷонибдории худро аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар СҲШ иброз намуд», — изҳор дошт С.Аслов.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ бо қаноатмандӣ аз сатҳи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ёдовар шуд. Ба гуфти С. Раббонӣ «Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нигаронии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба аминияти сарҳад ба хубӣ дарк мекунад. Бо боварии комил таъкид менамоям, ки ҷониби Афғонистон ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки гурӯҳҳоии террорисӣ аз ҷониби Афғонистон амну суботи ҳамсояҳо ва Тоҷикистонро халалдор намоянд».
Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.












Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






