Нақши ховаршиносон дар шинохти миллати тоҷик
ДУШАНБЕ, 16.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, донишҷӯён ва пажӯҳишгарон таҳти унвони «Нақши ховаршиносон дар шинохти миллати тоҷик» конфронси илмӣ-оммавии Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд, дар конфронс Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар бораи нақши ховаршиносон дар шинохти миллати тоҷик ҳарф зад. Ӯ аз дастовардҳои замони истиқлолият ва даврони ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, пешрафту шукуфоӣ ва созандагии кишварро маҳз ба талошҳои шабонарўзии роҳбари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон марбут донист.
Ҳамчунин дар ҷараёни конфронс муҳаққиқ ва тарҷумон Ислом Юсуфӣ дар мавзўи «Нақши шарқшиносони рус дар шинохти миллати тоҷик» ва мутахассиси пешбари Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон Умед Пудинаев дар мавзўи «Саҳми ховаршиносон дар муаррифии фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик» сухан гуфтанд.
Умед Пудинаев зимнан зикр кард, ки баъзе аз донишмандон пайдоиш ва фаъолиятҳои ховаршиносиро ба асри XI мансуб медонанд, аммо мафҳуми «шарқшиносӣ» зодаи илми аврупоист ва дар робита ба тадқиқи кишварҳои Шарқ ва амалӣ сохтани сиёсати ғарбиҳо ба вуҷуд омадааст. Таъкид ба маврид аст, ки аввалин шарқшиносони аврупоӣ ва рус бештар шахсони низомӣ буданд ва иттилооти ҷамъовардаашон бештар барои таҳияи барномаҳои низомӣ истифода мешуданд. Тибқи назари бархе нависандагон вожаи «ориентализм» аввалин маротиба соли 1780 дар Англия ба кор бурда шудааст. Соли 1812 ин истилоҳ ба Фарҳанги Оксфорд ва соли 1838 ба Фарҳанги академии Франсия ворид гардидааст.








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






