Нисбат ба собиқ раиси ҷамоати шаҳраки «Бӯстон-қалъа»-и ноҳияи Бохтар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид

Февраль 6, 2017 14:45

ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба собиқ раиси ҷамоати шаҳраки «Бӯстон-қалъа»-и ноҳияи Бохтар Ҷӯрабек Холов бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст. Он баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Дар ин бора аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Ҷӯрабек Холов ҳангоми дар вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки «Бӯстон-қалъа»-и ноҳияи Бохтар фаъолият намуданаш, дидаву дониста, ки ваколати ҷудо намудани қитъаи заминро надорад, бо роҳи фиреб ва суиистифода аз вазифа моҳи октябри соли 2013 ба боварии шаҳрванд Н. Шамсуллоев даромада, ваъда додааст, ки бар ивази маблағи 3000 доллари ИМА ба номаш аз заминҳои ҳудуди ҷамоати зикршуда дар масоҳати 0,8 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад. Вале маблағи 3000 долларро гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Февраль 6, 2017 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад