Омодагӣ ба ҷашни фархунда дар шаҳри Турсунзода
ТУРСУНЗОДА, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми роҳбарияти шаҳри Турсунзода барои арзандаву хотирмон таҷлил кардани ҷашни бостонию байналмилалии Наврӯз озмуни «Ҷамоати беҳтарин» ва «Раиси маҳаллаи беҳтарин» эълон карда шуд.
Ҷамоате, ки дар ин мусобиқа ғолиб меояд, бо мошини сабукрав ва раиси кумитаи маҳаллаи беҳтарин бо панҷ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода бо ширкати меҳмонони дохиливу хориҷӣ баргузор мегардад.