Ҷон бохтани ду сокини ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон бар асари тармафуроӣ ва шикастани яхпора дар рӯдхонаи Ғунд. Барфу тарма боз роҳро ба рӯи нақлиёт баст

Февраль 7, 2017 11:11

ХОРУҒ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Боришоти шадиди рӯзҳои охир дар ВМКБ на танҳо ба рафтуомади одамон ва ҳаракати мошинҳои мусофирбару боркаш монеа эҷод мекунад, балки боиси ба ҳалокат расидани ду нафар гардид. Ин ду ҳодиса дар ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон рух доданд. Раиси ин ҷамоат Носир Суриев гуфт, ки як нафар ҳангоми аз боми хона фаромадан зери тарма монду дуюмӣ кӯдаки панҷсола мебошад, ки дар соҳили дарё бозӣ карда, зери пояш яхпора шикаста, даруни об рафтааст. Ба гуфтаи раиси ҷамоат, водии Ғунд беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр баланд аст ва қабати барф зимистони имсола то яку ним метр расид. Куҳансолони деҳа мегӯянд, ки чунин боришот ва тармафароиро танҳо дар соли 1969 мушоҳида кардаанд.
Дар ҳамин ҳол роҳсозон барои кушода нигоҳ доштани роҳи Хоруғ- Мурғоб- Кулма аз тамоми неруи корӣ ва имконоти техникии худ истифода мебаранд. Сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди ин минтақа Имомдод Мамадфозилов гуфт, ки чанд рӯз пеш роҳро кушодем, аммо боз имрӯз 15 тарма фаромада, роҳ дуюмбора баста шуд.
Бар уҳдаи ин муассиса таъмиру тармими зиёда аз 200 километр роҳ вогузор шудааст ва дар як муддати кӯтоҳ пок кардани он аз барфу тарма мушкил аст. Бинобар ин ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ низ техникаву механизмҳояшонро дар ихтиёри ин муассиса гузоштанд. Сармуҳандиси муассиса гуфт, ки ҳоло 50 километр роҳи мошингард ба самти шаҳри Хоруғ боз шуда, ҳанӯз наздик ба 70 километри он зери тарма ва барф қарор дорад.
Агар тармафуроӣ қатъ шавад, дар давоми ду рӯзи оянда ин роҳ аз сари нав кушода мешавад.

Февраль 7, 2017 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд