Озмуни ҷумҳуриявии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё бо ҳам бихандем!» чеҳраҳои навро интизор аст
ДУШАНБЕ, 18.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Ваҳдат ҳунарпешагони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё бо ҳам бихандем!» иштирок карданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Қаблан ҳунарпешагони шаҳру навоҳии Сангвор, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод, Роғун барномаҳои ҳаҷвии худро манзури доварони озмун гардонида буданд.
Имрӯз, 18 феврал дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ҳунармандони шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор ҳунарнамоӣ мекунанд. Намоиши барномаҳои дастаҳои ноҳияҳои Рӯдакиву Шаҳринав 20 феврал дар ноҳияи Рӯдакӣ дар назар дошта шудааст.
Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё бо ҳам бихандем!» дар доираи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии озмун ривоҷу равнақи фаъолияти гурӯҳҳои ҳаҷвнигорони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пайдо намудани чеҳраҳои нав, ҷалби бештари мардум ба ҳаҷв ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷомеа мебошад.
Даври дуюми озмун 2 -3 марти соли равон дар қасри фарҳанги шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






