Паёми Пешвои миллат- сипари боэътимоди ҷавонон аз терроризм ва экстремизм

Февраль 6, 2017 17:15

Кодирзода + Сохибкори ва Хизмат (2)ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони муосир ҷомеаи ҷаҳонӣ бо душмани наве рў ба рў гардидааст, ки хеле хатарноку неруманд, золиму ҳилагар буда, орӣ аз симои миллӣ мебошад. Номи он терроризм буда, фаъолияти он ҳамеша ба ҳадафҳое, чун харобкорӣ, қатлу куштор, зўроварӣ ба хотири тағйирдиҳии шаклҳои идоракунии давлатӣ, сохти давлати сиёсӣ ва барҳам задани фаъолияти сохторҳои давлатӣ равона гардидааст. Ҳамакнун терроризмро метавон ба «вабои асри XXI» ташбеҳ дод, чунки он аз рўи қувваи харобкории худ на камтар аз ин бемории марговар аст. То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ кас ва ҳеҷ минтақае наметавонад худро дар амонӣ эҳсос намояд.
Бино ба гуфтаи Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муқовимат бар терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. «Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро бо тамоми зуҳуроташ қотеъона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд. Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ин робита иброз доштанд, ки «солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Терроризм ба унвони як зуҳуроти номатлуб аз худ қурбониҳои зиёди инсонӣ ба бор оварда, арзишҳои моддию маънавӣ ва фарҳангиро хароб менамояд, ки дар тӯли асрҳо наметавон онро барқарор сохт. Он дар байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ бадбинию набоварӣ тавлид месозад»,-иброз дошт Диловар Қодирзода.
Мусоҳиб афзуд, ки дар замони муосир терроризм барои гурӯҳҳои алоҳида усули ҳалли масоили мубрам, аз қабили проблемаҳои сиёсӣ, динӣ ва миллӣ гардидааст. Терроризми муосир имкониятхои бузурги молиявию иктисодиеро дар ихтиёр дорад, ки на давлат ва на ҷомеа метавонанд онро назорат намоянд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки созмонҳои террористӣ ташкил ва эҷоди сохторҳои навро амалӣ намоянд, афроди муайянеро ба фаъолияти террористӣ ҷалб созанд, дар ин фаъолиятҳо ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ намоянд, ба даст овардани роҳу усулҳои маҷбурии аҳдофи иҷтимоӣ-сиёсиро таблиғ намоянд ва дар ниҳояти кор ба амалӣ шудани кирдорҳои террористӣ даст ёбанд.
Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар муҳити ҷамъиятӣ ин анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда маҳсуб мегардад. Махсусан, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст, чунки маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ аз нигоҳи гироиш ба таъсироти номатлуби гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятӣ ва зиддииҷтимоӣ хеле заиф мебошад.
«Ҷавонон, ки аслан ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ баландсолорӣ (максимализм) хос мебошад, аз ҷониби дигар аз нигоҳи иҷтимоӣ ва равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг ғӯтавар гарданд. Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистӣ бо дарназардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон аксаран ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал карда наметавонанд, балки муаммоҳои зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд»,- афзуд ректори донишкада Диловар Қодирзода.
Ба андешаи мусоҳиб, аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Аз ин рў, бешубҳа, гузарондани корҳои фоҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон нисбат ба бартараф намудани оқибатҳои чунин зуҳурот хеле муҳим мебошад. Дар ин масир метавон корҳоеро пешниҳод намуд, ки барои кам гардидани зуҳуроти радикалӣ дар муҳити ҷавонон мусоидат менамоянд. Густариш ва таҳкими донишҳои ҳуқуқӣ дар тарбия ва таълими ҷавонон метавонад ба ин амр мусоидат намояд. Донистани ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии худ дар насли ҷавон барои рушди ҳисси эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигар афрод мусоидат менамояд.
«Воситаҳои ахбори оммаи муосир ин неруи тавонои созандае мебошанд, ки онро бояд баҳри беҳбудии шахсият, ҷомеа ва озодиҳои демократӣ, инчунин бар зидди хатарҳои таҳдидкунандаи инсоният истифода намуд. Муборизаи иттилоотӣ бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз омилҳои муҳими мубориза бо ин таҳдидҳо буда, мутаносибан дар муттаҳидсозии кўшишҳои иттилоотӣ чӣ дар сатҳи минтақавӣ ва чӣ дар сатҳи мамлакат бе шак метавонанд барои муваффақияту пирўзии тадбирҳои коллективӣ дар роҳи таъмини амнияту осоиш мусоидат намояд.
Ҳамгироӣ дар ҷомеа муҷиби сулҳу амонӣ дар сайёра мебошад. Ҷавононро зарур аст, ки ҳамзистию ҳамгироиро новобаста аз ҷойгоҳи маънавию фарҳангии худ пешаи рўзгори хеш намуда, ба худ ва дигарон мантиқан ва ақлона баҳо диҳанд. Тавонанд ба худ ва дигар афроди ҷомеа аз нигоҳи интиқодӣ назар афкананд, арзишҳо ва камбудиҳои худро шиносанду ба шахсияти ҳар як фарди ҷомеа эҳтиром гузоранд»,-зикр намуд Диловар Қодирзода.
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ барои омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимояту пуштибонӣ аз ватани маҳбуб, рушду пешрафти бештари кишвар ва бедорию зиракии онҳо имкон фароҳам хоҳад овард ва ҷавонон умеду боварии Сарвари давлатро амалӣ хоҳанд намуд, ки фармудааст: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
«Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи кору пайкор ва фаъолияти ҳамарўзаи онҳо дар ин давраи ҳассоси ҷаҳонишавии муносибатҳо гардида, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки афроде фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созанд»,-баён намуд Диловар Қодирзода.

Февраль 6, 2017 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид