«Рӯзи дарҳои кушод» барои довталабон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ
ХОРУҒ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ дар чаҳорчӯби барномаи махсуси «Дарҳои кушод» бо намояндагони бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ мулоқот анҷом дода, зимни он ба суолҳои зиёди худ посух гирифтанд. Роҳбари бахши минтақавии Маркази мазкур Шаҳтут Хоников гуфт, ки дар долони ин донишгоҳ гӯшаи «Роҳнамои довталаб» ташкил шудааст ва дар ин гӯша ҳамаи маълумот оид ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ гирд оварда шудаанд.
«Агарчӣ таблиғгарони мо маълумотро оид ба фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва тарзу шеваи имтиҳоноти дохилшавӣ ба воситаи расонаҳои маҳаллӣ ва ҳам мустақиман ба хамткунандагону волидони онҳо пурра пешниҳод намуданд, аммо мо зарур донистем, ки бори дигар онҳоро дар донишгоҳ гирди ҳам оварем ва ба суолҳояшон ҷавоб гардонем»,-гуфт Шаҳтут Хоников.
Ҳоло ҳамаи нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру навоҳии вилоят ба маъракаи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, ки аз 1 марти соли равон оғоз меёбад, омода мебошанд. Ба масъулини нуқтаҳои сабти аснод дастур дода шуд, ки ҳангоми бақайдгирӣ ба довталабону волидони онҳо дар интихоби ихтисос, намуд, шакли таҳсил ё муассисаи таълимӣ ҳаматрафа кумак кунанд.