Рамазон Раҳимзода бо Владимир Колоколтсев омода намудани кадрҳои баландихтисосро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерали политсия Владимир Колоколтсев омода намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия муҳокима гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи ҳарду мақомот рӯз аз рӯз сатҳу сифати тоза касб карда, дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд. Намунаи ин гуфтаҳо ҳамкории самараноки тарафайн дар самти дастгир ва истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарор дошта ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил мебошад.
Ҳамчунин Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев иброз намуд, ки «ҳамаи саъю талоши мо ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот равона гардидааст».
Зикр гардид, ки ҳамасола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди шунавандагон дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия дар Академияи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифта, дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин карда мешаванд. Хатмкунандагони ин муассисаи олии ҳуқуқӣ донишу малакаи худро дар амал татбиқ намуда, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳм мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар, генерали политсия Владимир Колоколтсев бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






