С. Раббонӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Афғонистон маърӯза кард
ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари расмии хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ дар назди кормандони хадамоти дипломатии Тоҷикистон маърӯза кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суханронӣ С.Раббонӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Афғонистон дар марҳилаи муосир, дурнамои рушди равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар арсаҳои мухталиф ва мутақобилан судманд, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар ва давлатҳои минтақаро дар самти мубориза бар зидди чолишҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шарҳ дод.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






