С. Замирова: «Имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст»
ДУШАНБЕ, 18.02.2017. /АМИТ«Ховар»/. Масъалаи баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеа дар вохӯрии ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ муҳокима гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ Сайёра Замирова оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва мақоми зан дар ҷомеаи муосир сухан гуфт.
Мавсуф зикр кард, ки имрӯз тавассути сиёсати оқилонаю дурандешонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйин намудани онҳо баръало намоён мебошад.
«Мо низ дар ВМКБ кӯшиш дорем, ки аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ сафи бонувонро афзун гардонем. Зарур аст, ки дар оянда дар муасиссаҳо, низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ҷалб карда шаванд. Инчунин дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар карда шудаанд, ки чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад»,-иброз дошт ӯ.
Ба андешаи Сайёра Замирова, имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ, корманди ҳифзи ҳуқуқ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд






