«Саҳми ҷавонон дар рушди илми тибби тоҷик»-маҳфили илмӣ
ДУШАНБЕ, 06.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи тайёркунии кадрҳои илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ва қабули Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо иштироки васеи аспирантон маҳфили илмӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз Донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш аспирантон дар мавзӯи «Саҳми ҷавонон дар рушди илми тибби тоҷик», «Об — манбаи ҳаёт» ва «Тоҷикистон-ташаббускори ҳалли масоили байналмилалии об» маърӯзаҳои илмӣ карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






