Сафири Тоҷикистон ба Шоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гаага 15 феврал маросими супоридани эътимоднома аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд Эркинхон Раҳматуллозода ба Аълоҳазрат Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, пас аз ба анҷом расидани маросими супоридани эътимоднома байни Сафири навтаъйини Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд мулоқоти дуҷониба сурат гирифт. Эркинхон Раҳматуллозода салому паёмҳои гарми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Аълоҳазрат Подшоҳи Нидерланд тақдим дошт ва омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳким ва густариши равобити созандаи ду кишвар, бо самту равандҳои ҷадид ғанитар сохтани онҳо ва густариш додани равобити Тоҷикистону Нидерланд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, махсусан дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи об иброз дошт.
Подшоҳи Нидерланд, ки ҳангоми валиаҳд буданаш тайи чанд сол роҳбари яке аз сохторҳои СММ оид ба об буд, ин пешниҳодро дастгирӣ намуд. Ҳамзамон ӯ бо изҳори таваҷҷуҳи хосса ба вазъи минтақа ва Афғонистони ҳамҷавор, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, имкониятҳои рушди минбаъдаи равобити иқтисодӣ таъкид дошт, ки Нидерланд ҷонибдори таҳкиму тавсеаи равобити созанда бо Тоҷикистон аст.
Дар фарҷоми мулоқот Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр аз Сафир хоҳиш кард, ки салому орзуҳои некашро ба мардум ва Сарвари Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон бирасонад.
Дар чаҳорчӯби сафар ба шаҳри Гаага, Эркинхон Раҳматуллозода бо намояндагони расмии кишвари иқомат ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ мулоқотҳои судманд барпо намуд. Аз ҷумла, мулоқотҳои дуҷониба бо Президенти Суди байналмилалии ҷиноӣ Силвия Фернандес де Гурменди, муовини Директори Европол Олдрич Мартину, муовини Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд Роналд ван Ройден ва сардорони як теъдод раёсатҳои марбутаи ин Вазорат барпо гардиданд, ки дар онҳо мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла масоили ҳамкорӣ ва шарикии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






