Салоҳиддин Раббонӣ аз пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд

Февраль 18, 2017 12:28

32922912576_abe9329e99_zДУШАНБЕ, 18.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои ҷолиб менамоянд, изҳори сипос намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории мулоқот хабар дод, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баъди мулоқот бо Пешвои миллат, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба хабарнигорон изҳор намудааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, зарурати таҳкими робитаҳои иқтисодии ду кишварро таъкид намудаанд.
Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори боварӣ кард, ки мулоқоти доиргардида ба тавсеаи равобити иқтисодӣ миёни ду кишвар, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва таҳдидҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад.

Февраль 18, 2017 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад