Самтҳои асосии такмилдиҳии технология ва воситаҳои механикунонӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои актуалӣ ва самтҳои асосии такмилдиҳии технология ва воситаҳои механикунонӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ»-таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиш доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъомад, ки олимони дохилию хориҷӣ иштирок доштанд, бештар масъалаҳои илмию таълимии роҷеъ ба самти механикунонии кишоварзӣ, аз ҷумла коркард ва аз худ намудани технологияҳои энергиясарфкунанда, тарҳрезии мошинаҳои кишоварзӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд ҷиҳати таҳияи корҳои илмӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ табодули афкор карда, андешаҳои худро баён доштанд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тадқиқоти илмии олимони ҷавон рӯз аз рӯз самтҳои навро касб мекунад. Дар натиҷаи ҳамкорӣ ва баргузории чунин вохӯриҳо ҷавонони боистеъдод метавонанд аз техникаю технологияи муосир ба хубӣ бохабар шуда, барои такмилу тарҳрезии нақшаҳои нав иқдом бигиранд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






