Саодат Ҳайдарзода, cармуҳаррири маҷаллаи «Фирўза»: «Чакан рамзи рангорангии ҳаёт ва хушиҳои зиндагист»

Февраль 25, 2017 10:04

ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз қадим  давлату миллатҳоро аз рӯи фарҳанг, тамаддун, урфу одат ва либоси миллиашон мешинохтанд ва ин рукн ҳанўз ҳам риоя мегардад. Тоҷикон дорои фарҳанги қадимиянд ва аз таҷрибаҳо бармеояд, ки либосҳои миллии мо қудрати муаррифӣ намудани миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ доранд.

Дар осорхонаҳо садсолаҳо инҷониб либосҳои  бибиёнамон маҳфузанд, ки онҳо рангу навъи матоъ ва дўхташро аз рўйи завқу хоҳиши худ интихоб мекарданд. Остини дароз бо саростин, гиребони баланд, докаи сафед ё рўсарии аз ҳиҷоб дида қулайтар барои занони мо хеле мувофиқу муносиб буд.   Омӯзиши ин либосҳо  аз фарҳанги баланд, одоби ҳамида ва ҷаҳонбинии васеи  аҷдодони мо шаҳодат медиҳанд.

Аммо на чун бархе, ки имрўз дар мафкураашон тарзи либоспўшии шарқиёнаву ғарбиёнаро ҷой дода, бе риояи модерн куртаҳои дароздомони туркӣ, домони тангу кўтоҳи дарздор, ҳариру нимурён ё чодари сиёҳи сар то пой печонидашуда ба бар менамоянд.

Ба рафтор ва либоспўшии чунин ашхос назар карда, кас дар ҳайрат мемонад. Чаро аз либосҳои модаркалонҳоямон истифода намебаранд?

ЧаканпушТамоюли сатрпўшии баъзе бонувон аввали солҳои 2000  баъди тамошои филми марокашии «Клон», қаҳрамони марказии филм  Ҷаддӣ дар шабакаҳои телевизионӣ  ба ҳукми мўд даромад. Духтарон ба тарзи либоспўшию рўймолбандӣ ва ҳатто ба зару зеваровезии ин ҳунарманд ба гўшу дасту пояш (дар нақш) тақлид карданд. Ин амали баъзе аз занону духтарони мо, яъне   кўр-кўрона пайравӣ ё тақлид кардан ба либоси бегона, бешак ба пастравии фарҳанги миллӣ оварда мерасонад.

Аз ин рў, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронию мулоқотҳояшон ба мутасаддиёни соҳаи фарҳанг ва мақомоти дахлдор дастур медиҳанд, ки пеши роҳи тақлидкорӣ ва зуҳуроти бегонапарастӣ гирифта шавад.

 

Дар иртибот ба чунин роҳнамоии Сарвари давлат дар фарҳанги либоспўшии бонувон дигаргуниҳо ва навгониҳо эҳсос мегарданд. Яъне имрўз шаклу намуди либоси миллӣ хеле тағйир ёфта, тарроҳон ва чеварони либосҳои миллӣ бо тарзу усулҳои нав чакану атласро ба либоси ақрабои гузаштаамон қаробат дода медўзанд.

Пироҳани чакан рамзи рангорангии ҳаёт, хушиҳои зиндагӣ буда, дар он гўё гулҳои рангоранги табиати зинда бо таровати хоса, хеле назаррабо ҷилва медиҳанд. «Салиби шикаста» рамзи ориёиҳо буда, дар парчамашон акс меёфт. Хушбахтона, як намуди пироҳани чакан бо ин унвон кашидадўзӣ мешавад. Аҷдодони бузурги мо-ориёиҳо офтобро муқаддас дониста, онро ҳамчун рамзи меҳр истифода мебурданд. Дар ин маврид қайд бояд кунам, ки пироҳан-чакани «Косагул» аз таърихи куҳан доштани чакани тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Чаканпуш-0

Мутассифона, солҳои  охир хатари  ба фаромӯшӣ рафтани  либоси аҷдодонамон ба вуҷуд омад. Чунки арўсон дар ҷойи сўзаниву гулдўзиҳои чаканӣ ба хонаи шавҳар қолинҳо, болинҳои зардўзиву кўрпачаҳои қуроқ мебурдагӣ шуданд.

Хушбахтона, бо шарофати пешниҳодҳои хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон анъанаи пешиниён, ҳунари чандҳазорсолаи мо-чакандўзӣ аз нав эҳё гардид.  Агар дар Аврупо бонувон либоси якранги сафеду хокистарӣ, бунафшу қирмизӣ ва сиёҳ пўшанд, либоси миллии бонувони тоҷик сернақшунигор буда, онҳоро боз ҳам зеботар мекунад. Нақшу нигоре, ки дар чакан инъикос гардидааст, ҷаҳон- ҷаҳон маънӣ дорад. Гулҳояш зебоиҳои табиати Тоҷикистон, зебоиҳои ботинии инсонро тараннум месозанд. Маҳз дар кишварҳои Ғарбу Амрико таваҷҷуҳ ба либоси миллии мо-чакан бештар гардидааст. Зеро чакану атлас тавассути намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва интернетӣ дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ карда мешаванд.

Оре, тараннуми либоси миллӣ падидаест арзишманд. Ба ин васила заону духтарони хонанишини мо  бо шуғл  таъмин мегарданд. Мо бояд мавқеи либоспўшиамонро устувор гардонида, талқингари либоси миллии аҷдодии худ бошем. Чуноне мегўянд:

Чунон пўш дар танат зебанда бошад,

Писанди ҳар каси бинанда бошад.

Духтарони диёрамон мисли модаркалонҳои худ бо чигунагии либоспўшии худ одобу маърифати  хешро нишон дода метавонанд. «Либосро аз навию шарафро аз ҷавонӣ эҳтиёт кун»,- мегўяд мақоли русӣ. Дар ҳақиқат барои ҳар миллат либос ва шараф беҳтарин ганҷ аст.

Рухсораи НУР

Февраль 25, 2017 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд