Саодатшо Матробиён: «То охири асри 21 аз 6000 забони рўйи замин нисфашон аз байн хоҳанд рафт»
ДУШАНБЕ, 18.02.2017 /«АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи ҷаҳонии забони модарӣ, ки ҳамасола 21 феврал таҷлил мешавад, ҷамъомади илмӣ доир гардид.
Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) хабар доданд, дар ҷамъомади илмӣ Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллӣ, Сахидод Раҳматуллозода, Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ, Саодатшо Матробиён, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карданд.
Саодатшо Матробиён дар мавзўи «Мавқеи забонҳои помирӣ дар фазои сотсиолингвистии Тоҷикистон», забонҳои тамоми дунё ва аз миён рафтани баъзе забонҳо дар тӯли таърих чунин гуфт: «Мусаллам аст, ки дар ҳоли ҳозир дар рўйи дунё зиёда аз 6000 забон мавҷуданд. Вале таассуфовар он аст, ки суръати аз байн рафтани забонҳо чунон тез шудааст, ки мувофиқи ҳисоботи омории ЮНЕСКО дар ду ҳафта як забон аз байн рафта истодааст. Аз 6000 забони рўйи замин то охири асри 21 нисфи он аз байн хоҳад рафт»,-хабар дод манбаъ.
Сайфиддин Мирзоев, мудири шуъбаи забони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ дар мавзўи «Вазъи имрўзаи забони яғнобӣ ва дурнамои он» ибрози назар кард. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки «забони яғнобӣ мувофиқи шароити ҷуғрофӣ тайи асрҳо бо андак тағйироту таҳаввулот чунин идома дошта, бисёр вижагиҳои забонҳои азбайнрафтаи эронии бостон ва миёна, аз ҷумла суғдиву хоразмиро то ба ҳол нигоҳ доштааст. Дар сарзамини имрўзаи Тоҷикистон куҳантарин мардумоне чун «яғнобиён» ва «бадахшониҳо» зиндагӣ мекунанд, ки метавон онҳоро яке аз нодиртарин қавмҳои этникӣ дар олам номид».
Қобили зикр аст, ки 30-юмин иҷлосияи конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон 21 февралро Рўзи байналмилалии забони модарӣ эълон намуд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






