Шумораи нахустини «Оинаи Ҳинд» ба табъ расид

Февраль 7, 2017 11:36

ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи нахустини нашрияи Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе «Оинаи Ҳинд» ба табъ расид. Маҷаллаи «Оинаи Ҳинд» дар бораи рӯйдодҳои муҳими байни Тоҷикистону Ҳиндустон, чорабиниҳое, ки Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон баргузор мекунад ва ҷойҳои таърихиву дидании Ҳиндустон нақл мекунад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар шумораи нахустини маҷалла маводи шавқовар таҳти унвони «Ташрифи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон», «Таърихи аҷиби рушди Ҳиндустон», «Ҷашни 147 — солагии Маҳатма Ганди», «Таҷлили Рӯзи Сарқонуни Ҳиндустон», «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси «Қалби Осиё» ва «Ҳиндустон муъҷизаҳои Деҳлӣ» пешкаши хонандагон гардидаанд.

Февраль 7, 2017 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш