Шунавандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби сертификат шуданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, дар баробари аз ҳисоби ҷавонон тайёр намудани кадрҳои болаёқат барои мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамзамон дар заминаи таълимгоҳи мазкур кормандони амалии ин мақомоти бонуфуз аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Як гурӯҳ сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баъди гузаштан аз курсҳои такмили ихтисоси даҳрӯза соҳиби сертификат шуданд.
Тавре аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, шунавандагони ин машғулиятҳо, ки барномаи таълимӣ-мавзӯии курсҳои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунандаро дар заминаи курсҳои олии академии факултети №1-и Академияи ВКД пурра аз худ карданд, дар маросими супоридани сертификатҳо миннатдории худро ба роҳбарияти ВКД ва Академия баён доштанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






