Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мехост бо роҳи қаллобӣ маблағ ба даст оварад
ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки пеш бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гумонбаршуда соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 129 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамчунин оид ба қаллобӣ марди 43-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2014 марди 49-солаи сокини ноҳияи Қубодиён аз бовариаш истифода намуда, аз ӯ 14 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Вобаста ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






