Сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз хизматрасонии тиббии ройгон бархӯрдор гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз тарафи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон «Корвони саломатӣ» ташкил шуд. Сокинони Ҷамоати мазкур тавассути он аз хизматрасонии тиббии ройгон бархӯрдор гардиданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Ба иттилои масъулини Муассисаи давлатии кумаки аввалияи тиббии вилоят, ба аҳолии маҳал мутахассисони асабшинос, дилшиносу осебшинос, духтури саратоншинос ва дандонпизишк, инчунин дигар мутахассисони соҳа хизмати тиббӣ расониданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






