Соли 2016 дар ноҳияи Рашт фавти модар умуман ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми соли 2016 дар ноҳияи Рашт фавти модарон умуман ба қайд гирифта нашудааст. Ин нуктаро сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт Алимаҳмад Солиҳов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» таъкид намуда, зикр кард, ки таваллуди хонагӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2015 7 фоиз кам гардидааст. Ба иттилои номбурда, дар давоми соли 2016 дар ҳудуди ноҳия 3446 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 2377 (69%) таваллуди беморхонагӣ ва 1069 (31 %) таваллуди хонагӣ мебошад. Аз шумораи таваллудҳои хонагӣ зиёда аз 90 % бо иштироки кормандони тиб сурат гирифтааст.
Алимаҳмад Солиҳов ҳамчунин зикр намуд, ки ба хотири ёрӣ расонидан ба модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Хадамоти назоратӣ ба воситаи лоиҳаи «Баландбардории солимии модару кӯдак» дар назди Беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод Маркази ташхисӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шуда, бо мошини ёрии тиббии таъҷилӣ таъмин карда шуд.
Бино ба маълумоти сартабиби Беморхонаи марказӣ, барои ҳифзи солимии модару кӯдак аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия диққати махсус дода мешавад. Дар айни ҳол дар ноҳия шумораи занҳои қобили таваллуд ба 27640 нафар расидааст, ки ба онҳо 16 нафар табибони дорои маълумоти олӣ ва 36 нафар момодояҳо хизмати тиббӣ мерасонанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






