Суғд: Ҳалокати 12 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ

Февраль 18, 2017 12:20

ХУҶАНД, 18.02.2017. /«АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 20 феврали соли 2017 дар ҳудуди роҳҳои миқёси вилояти Суғд амалиёти «Пиёдагард» ва «Тартибот» ҷараён мегирад. Ҳадафи он таъмини бехатарии ҳаракат, пешгирии садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва ошкорнамоии қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳҳо тибқи нақшаи тадбирҳои асосии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз раёсати БДА-и вилоят иттилоъ доданд, дар давоми 1 моҳу 10 рӯзи сипаригаштаи соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди вилояти Суғд аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт 34 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 12 нафар ҳалок гардида, 39 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Сабаби асосии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ- ин аз як тараф беаҳамиятӣ ва риоя накардани коидаҳои бехатарии роҳ дар роҳҳои мошингарди вилоят аз ҷониби ронандагону пиёдагардон бошад, омили дигар аз меъёри муқарраршуда зиёд гирифтани мусофирон аз ҷониби ронандагон мебошад.

Февраль 18, 2017 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд