Таҳкими донишу малакаи донишҷўён дар ташкили дурусти қабулу гусели меҳмонони хориҷӣ
ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст. Ин нуктаро зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд.
«Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад»,-илова намуданд Сарвари давлат.
Вобаста ба ин, бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат корҳои назаррасро бояд ба сомон расонид.
Дар робита ба ин супориши Пешвои миллат масъулони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон донишҷўёни ихтисоси туризмро барои таҷрибаандӯзӣ ба Қалъаи Ҳисор бурданд.
Тавре ки Насимҷон Ойев, ноиби ректор оид ба таълими донишкада ба АМИТ «Ховар» хабар дод, мақсад аз сафар ба ин макони таърихӣ, таҳкими донишу малакаи донишҷўён нисбат ба ташкили дурусти қабулу гусели меҳмонони хориҷӣ дар ҳудуди объектҳои таърихию фарҳангӣ, ташкили экскурсия дар ин ҷо ва имкониятҳои дастрасии ин гуна объектҳо барои ташрифоварӣ аз ҷониби меҳмонони хориҷӣ буд.
Ҳангоми сафар ба ин мавзеи муҳими таърихи-фарҳангӣ донишҷўён роҷеъ ба таърихи ёдгориҳои меъмории ҳудуди маҷмаа, нақши ин ёдгориҳои меъморӣ дар маҷмўи объектҳои сайёҳии Тоҷикистон, шароити қабулу гусели меҳмонон дар ҳудуди Қалъаи Ҳисор ошноӣ пайдо карданд.
Анъанаи ташкили сафарҳои омўзишии донишҷӯён ба объектҳои таърихию фарҳангӣ, табиӣ, муассисаҳои хизматрасонӣ, ширкатҳои сайёҳию нақлиётӣ ва муассисаҳои хўроки умум минбаъд низ идома хоҳад ёфт.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






